Ҷашни рӯзи байналмилалии оила

    Аз соли 1994 санаи 15-уми май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Оила»   дар тамоми ҷаҳон қайд карда мешавад. Бо ташаббуси  Мақомоти иҷроияи   ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муасиссаи давлатии филармонияи ба номи А.Ҷураев  Рӯзи оила бо як тантанаву шукӯҳ ҷашн гирифта шуд. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва консерти идона бо иштироки ҳофизони шинохтаи ҷумҳурӣ табъи сокинони пойтахт ва меҳмононро болида гардониданд. Дар  чорабинии мазкур 100 нафар гулдухтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо либосҳои миллӣ иштирок намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *