Санаи 27 апрели соли 2019 дар толори конфронсии ширкати ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, вохурӣ миёни намояндагони Enactus (Юсуф Маҷидов – ҳамоҳангсози минтақавии ташкилоти байналмилалии Enactus, Мумини Суҳроб – директори Enactus дар Тоҷикистон), бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олии кишвар доир гардид. Сарпарастии ин вохуриро ширкати “Кока кола нушокиҳои Тоҷикистон” бар уҳда дошт. Зимни нишаст ба донишҷӯён тарзи дурусти сабт дар сомонаи Enactus, пур кардани моделҳо ва мушкилиҳои вуҷуддошта зимни таҳияи лоиҳаҳо барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ фаҳмонида дода шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *