Саҳми Тоҷикистон дар ҳифзи оби тоза

Санаи 14 – уми апрели соли 2018 дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар ҳифзи оби тоза» мизи мудаввар доир гардид.  Чорабинии мазкур ба ифтихори «Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Мутаҳид пазируфт шуд, баргузор шуд.

Иштирокдорони мизи мудаввар дар мавзӯъҳои «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сарватҳои обӣ дар ҷаҳон», «Таҳлили ҷуғрофию омории оби ошомидани дар кураи замин», «Истифодаи оқилонаи оби тоза» ва «Бузургон дар васфи об» маърӯзаҳо карда, ба ҳозирин муҳимияти «Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028»-ро матраҳ намуданд.

Миззи мудавварро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғ.Қ оғоз намуда, доир ба масъалаҳои мубрами ҳифзи сарватҳои обӣ суханронӣ намуд.  Ӯ зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ изҳор дошт, ки «имрӯз бисёре аз мамлакатҳои дунё аз норасоиии оби тоза танқисӣ мекашанд ва масъалаи оби тоза яке аз масъалаҳои глобалӣ ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли чунин мушкилоти сатҳи ҷаҳони мавқеи намоён дорад».  Ҳамзамон дар мизи мудаввар мудири китобхона Абдумуминзода Ситора, корманди китобхона Ниёзов Алишер аз тариқи слайдҳо ҳисоботи омории мамлакатҳои ҷаҳонро аз нигоҳи захираи обӣ таҳлил карда, дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин самт аз нигоҳи сиёсӣ ва ҷуғурофӣ маърӯза намуданд.

Дар ин чорабинӣ муовинони деканҳо оид ба илм, устодон ва донишљўёни Донишгоҳ ширкат намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *