Ба ифтихори Рӯзи пойтахт

Санаи 18-уми апрели соли ҷорӣ тибқи нақшаи кории Департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни 94-умин солгарди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри  Душанбе ҷамъомад доир гардид.

Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия Зарина Юсупова ҳусни оғоз бахшида  дар бораи Пойтахти кишварамон –Душанбешаҳр, ки воқеан ҳам хеле ободу зебо гардидааст, бо маърӯзаи пурмазмун баромад намуданд.

Сипас, роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Қурбонов Убайдулло Маҳмадуллоевич,  омӯзгори калони  кафедраи фанҳои  гуманитарӣ Карамалишоев Карамалӣ, мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ  Хубони Сорбон дар  хусуси таърихи шаҳр, дирӯзу имрӯзи пойтахти азизамон, корхонаҳои азими саноатӣ, бунёди хонаҳои баландошёнаи  хуштарҳу замонавӣ, гулгашту хиёбонҳо, арзи ҳастӣ кардани  боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва боз даҳҳо иншоотҳои гуногун,  ки ба ҳусни шаҳр ҷилои тоза бахшида  шукуҳу шаҳомати онро даҳчанд гардонидаанд, суханронӣ намуданд.

Нотиқон саҳми ҷавонони кишварро дар рушду нумуъ ва ободию шукуфоии пойтахти азизамон  назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки насли ҷавони ояндасоз набояд фаромуш созанд, ки Истиқлолият, таъмини сулҳу субот,  ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвари азизамон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Маҳз ҷаҳду талош, заҳматҳои шабонарӯзӣ  ва роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки Ватани азизамон ободу зебо гардида, обрӯю  нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар гардад. Аз ин рӯ, таъкид намуданд  баромадкунандагон ҷавонони моро зарур аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ватани азизи хеш содиқона ва суботкорона кору фаъолият намоянд.

Дар хотимаи ҷамъомад чанде аз донишҷӯён дар васфи пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр шеърҳо қироат намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *