Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон,ки ҳамасола қайд карда мешавад, 23 майи соли 2019  дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз 3000 нафар ҳамоиш ва роҳпаймоии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” баргузор гардид. Пеш аз шурӯи ҳамоиш бо иштироки аркестрони ҷавон, аъзоёни Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”, гирандагони Стипендияи президентӣ, гирандагони Стипендияи раиси шаҳри Душанбе, варзишгарон, донишҷӯёни муассисаҳои олии касбӣ, ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе, табибони ҷавон, сарбозону афсарон, гурӯҳи духтарон бо либосҳои миллӣ, мутахассисони ҷавон, донишҷӯёни хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, кормандони ҷавони ташкилотҳои қарзӣ ва сохтмончиёни ҷавон роҳпаймоӣ доир гардид.Дар чорабинӣ Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуд. Баъдан, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати кишвар Аҳтам Абдуллозода Муроҷиатномаи ҷавонони Тоҷикистонро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат намуд.

200 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо роҳбарии масъулони корҳои тарбиявӣ дар ҳамоиш иштироки фаъолона доштанд.   Донишҷӯёни мо бо як меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан, шукргузорӣ аз зиндагии осоишта ва насли Истқлолият фахр намуда, аз назди минбар бо сари баланд гузаштанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *