Дар Китобхонаи илмии ДТТ санаи 18.05.2019 Конференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «НАҚШИ  КИТОБ  ДАР ТАШАККУЛИ ИҚТИДОРИ ЗЕҲНИИ ҶАВОНОН»  бахшида ба Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар конференсия Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобек, Сардори шуъбаи матбуоти даврии КМТ Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ Шарипов Исомиддин, Мудири китобхонаи илмии ДТТ Абдумуминзода Ситора,  Донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси фаъолияти иқтисоди бурунмарзӣ Латипов Шараф бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.

Чорабиниро Муовини ректори ДТТ оид ба илм ва татбиқот Ғафоров Абдулазиз Абдуллофизович оғоз намуда, меҳмонони ташрифовардаро хушомадед гуфта, нисбат ба аҳамияти чорабинӣ чунин ибрози андеша намуд: «Ҳозирини гиромӣ, иштирокчиёни Конференсияи «Нақши китоб дар ташаккули иқтидори зеҳнии ҷавонон» нахуст ҳамаи шуморо ба конференсия хушомадед мегӯям. Воқеан китоб ташаккулдиҳандаи ҷаҳони маънавии инсонҳо, хусусан ҷавонон мебошад. Дар арафаи таҷлили «Рӯзи ҷавонон», ки мо қарор дорем ва таъкид намудани онки китоб дар ҳаёти ҷавонон нақши созанда дорад хеле муҳим мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти китобро дар ҷомеа ба инобат гирифта гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» – ро  Амр намуд, ки барои ҷалби ҷавонон ба мутолиа бисёр аҳамияти муҳим дорад.

Аз қадимулайём мардуми тоҷик китобхон ва аз аҳли китоб буд, ки осори ниёгони мо шаҳодати он аст. То имрӯз мазмуну моҳияти асарҳои ҷовидонаи бузургон ғановати маънавию ахлоқӣ- тарбиявии худро нигоҳ доштаанд. Китоб аст, ки мо аз панду ҳикмат, илму маърифат ва аз мактаби одамият сабақ мегирем. Ба воситаи китоб мо савияи дониш ва маҳорати худро сайқал медиҳем, илмҳои замонаро аз худ мекунем ва он маънавиёти моро бою рангин ва доираи ҷаҳонбини­амонро васеъ менамояд.

Китоб хубиҳое дорад, ки мо ҳанӯз ҳамаи сифатҳои онро аз бар  накардаем. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост, махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дури гаронбаҳоест, ки шаъшаъа бар хаёл афзуда, маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. Вай оинаест, ки мо дар он таърихи ҳаёту зиндагонии худамонро эҳсос менамоем. Ҳамаи хубиҳои инсон аз китоб аст. Агар касе ҳам китоб нахонда бошад, маърифате, ки аз одамону ҷомеа, аз муҳити атроф гирифтааст, боз аз китобҳои хондаи онҳост».

Сипас сухан ба Муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Гадобек дода шуд, ки ӯ дар мавзӯи «Ҳамсуҳбати хушгуфтору беозор (дар ҳошияи Амри Президенти ҶТ доир ба Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»»  баромад намуд. Маҳмудов Г дар суханронии худ иброз дошт, ки иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» яке аз созандатарин иқдомҳо мебошад, ки ҷомеаи Тоҷикистонро ба сӯи ояндаи пурсаодат равона месозад. Зеро тамоми пешрафтҳои илмию фарҳангии дунё ва омӯзиш вобаста аст. Миллати китобдӯсти тоҷик дар тӯли таърих ин анъанаро то имрӯз идома дода омаданд ва озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» наслҳои имрӯзу ояндаи мор обоз ҳам ба китобу мутолиа пайванд месозад.

Мудири кафедраи фанҳои гуманитарии ДТТ Шарипов Исомиддин дар мавзӯи «Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз» маъруза намуда, бо байтҳои классикони тоҷик, ки нисбати андӯхтани дониш ва мутолиаи китоб эҷод намудаанд ба ҳозирин аҳамияти илму донишро бозгӯ намуд.  Ӯ қайд намуд, ки дараҷаи баланди қашшоқи ин надоштани дониш ва наандӯхтани он аст. Бадбахттарин шахс ҳамонест, ки нодон аст. Аз илму дониш баҳра нагирифтааст. Бедониши хатари бузургест дар ҳаёти инсонҳо ва умуман ҷомеа. Ҳамаи бузургони мо аз омӯхтану мутолиа намудани китобҳои зиёд пеш рафтаанд ва номи худро дар таърих гузоштаанд. Ҷавонон, ки пешбарандаи ҷомеаанд бояд зиёд мутолиа кунанд, то роҳи ояндаи худу миллати худро равшан намоянд.

Баъдан, Сардори шуъбаи матбуоти даврии КМТ Муҳаммаднабӣ Баёнӣ дар мавзӯӣ «Нақши Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ» суханронӣ намуда иброз доштанд, ки аз рӯзи эълон гардидани ин озмун аллакай шумораи хонандагони китобхонаҳои ҷумҳурӣ хусусан Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба маротиб афзудааст. Ин озмун метавонад аз миёни ҷомеа нафарони донишмандро аз миёни ҷавонон муаррифӣ намояд. Дар доираи лзмуни мазкур дар тамоми китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳҳои корӣ созмон дода шудааст, ки ба тарғибу ташфиқи ҷомеа ба мутолиа ва ширкат намудан дар озмуни мазкур машғуланд. Ин озмун як таккони ҷиддиест, ки ҷалби ҷавонон ба мутолиа.

Мудири китобхонаи илмии ДТТ Абдумуминзода Ситора дар мавзӯӣ «Саҳми Пешвои миллат дар рушди фаъолияти китобдорӣ» суханронӣ намуда, чунин ибрози назар намуд: «Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи миллати тоҷик пеш аз ҳама ҳамчун як инсони китобдӯст шинохта шудаанд. Сарвари хирадманди тоҷик китобро дар баробари муқаддастарин арзишҳо модар ва Ватан гузоштанд, ки ин нишонаи таваҷҷӯҳи хоса доштани Президенти кишвар ба китоб аст. Сисёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлолият боиси рушди соҳаи китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Бунёди бинои навӣ Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки дар Осиёи миёна бузургтарин аст, қабули як қатор қонунҳо дар соҳаи китобдорӣ, Қонунҳои ҶТ«Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои қабулгардида далели гуфтаҳои болоянд.

Дар натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷиҳати чопи тамоми намуд адабиёт шароити хуб фароҳам оварда шуд. Президенти мамлакат дар баромадҳои худ пайваста таъкид менамояд, ки барои чопи адабиёт дар Xумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит муҳайё аст. {атто аксарият адабиёти барои ҷамъият муфид аз фонди захиравии Президент чоп карда мешавад. Чуноне, ки ҳангоми суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон дар {амоиши байналмиллалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 20 – уми марти соли 2016 иброз дошт: Мо бо мақсади ба насли имрӯза расонидани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» – ро ба роҳ мондем ва намунаҳои беҳтарини осори адибонро интишор кардем.

Дар тамоми вохӯриҳои Пешвои миллат бо аҳли илму адаб хамхории бевоситаи ӯро нисбат ба соҳаи китобу китобдорӣ дида мешавад. Сарвари давлат нақши китобро дар ҷомеа борҳо иброз доштаанд. Дар ифтитоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Китоб дар назди мардуми мо чунин қадру манзалате дорад, ки онро зери болини тифли навзод мегузоранд, бо ният ва умеде, ки дониш чароғи равшани дили ӯ ва дар гирудори зиндагӣ ҷавшани танаш бошад. Ин анъанаи нек бояд идома ёбад ва ба наслҳои оянда дарси ибрат гардад.

Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаи миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».

Донишҷӯи курси 3 – юми ихтисоси фаъолияти иқтисоди бурунмарзӣ Латипов Шараф дар мавзӯӣ «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба ҷаҳонбинии ҷавонони деҳот» баромад намуда, қайд намуд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муҳоҷирати меҳнатӣ аз бедонишӣ ба сари ҷавонони тоҷик меояд. Агар ҷавонон бештар ба омӯзиш машғул гарданд, шумораи муҳоҷирони меҳнати кам гардида, онҳое ки ба хориҷи кишвар мераванд дар корҳои хуб метавонанд кору фаъолият намоянд.

Ҳаминтавр, чорабинӣ бо музокираҳо, ки дар он ҳам меҳмонан ва ҳам устодону донишҷӯён андешаи худро гуфтанд ба анҷом расид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *