Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи мутахассисони замони нав Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  дар раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» (Ахбори Маҷлиси Олии ҶТ соли 2012, № 8, моддаи 832) ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” (аз 2 июни соли 2011 № 277), инчунин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 таҳти №262 “Оиди тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,   Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилоту ширкатҳои ватаниву хориҷӣ санаи 15 майи соли 2019 аз соати 9-00 то 12 -00 намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холиро ташкил ва баргузор намуд.

   Бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корхонаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва саноати сабук дар ярмарка иштирок намуда, ба хатмкунандагон як қатор ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуданд. Баъзе корхонаҳо инчунин маҳсулотҳои тайёри худро барои фурӯш бо нархҳои дастрас пешниҳод намуданд: комбинати “Шири Душанбе”, корхонаи “Шири Саодат”, ҶСК “Гулистони Душанбе”, корхонаи Маккколӣ, корхонаи Coca Cola. Инчунин, намояндагони чунин корхонаҳои саноатӣ дар ярмарка иштирок намуда бо хатмкунандагон оид ба ҷойҳои кории холӣ сӯхбатҳо гузарониданд: КВД “Хурокворӣ”, КВД “Ғалла”, ҶДММ “Нассоҷии Тоҷик”, ҶСК “Корхонаи шароббарорӣ”, ҶДДМ “Файзи истиқлол”, корхонаи “Ҷунтай Данғара”.

   Агентии шуғли аҳолии шаҳри Душанбе дар ярмарка иштирок варзида аз тарафи шуъбаҳои ин агентӣ дар ноҳияҳои И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур зиёда аз 2000 ҷойҳои кории холии зиёда аз 100 корхонаю ташкилотҳо ба хатмкунандагон пешниҳод карда шуданд.

   Инчунин, дар асоси мактуб – даъватномаҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон намояндагони чунин ширкатҳо ва корхонаҳо дар кори ярмарка иштирок варзиданд: Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ,  КВД  Маркази касбомӯзии ш.Душанбе, ҶДММ Собиров БГ “Ромсар”, БДА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСК Бонк Эсхата, ҶСП ТАКҲ “Ҳумо”, Бонки байналмилаии Тоҷикистон, Коммерсбонки Тоҷикистон, ҶСП ТТ Мобайл, ташкилои қарзии хурди “Душанбе Сити”, ҶСП “Лото спорт” ва ғайра.

    Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ соати 9-00 оғоз гардида то соати 12-00 давом дода шуд. Дар он хатмкунанадагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат иштирок намуда бо ҷойҳои кории холӣ ва талаботҳои корхонаҳо барои қабул ба кор аз наздик шинос шуданд. Намояндагони ҶДММ “Нассоҷии тоҷик”, ҶДММ “Файзи истиқлол”, корхонаи “Ҷунтай Данғара” бо хатмкунандагони факултети технология ва дизайн вохӯрӣ гузаронида оид ба шарту шароитҳои кор дар ин корхонаҳо маълумоти муфассал доданд. Ба хатмкунандагони ин факултет чунин миқдори ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуд: ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” – 100 ҷой, ҶДММ “Файзи истиқлол” – 50 ҷой, корхонаи “Ҷунтай Данғара” – 3 ҷой. Як нафар хатмкунанда, ки забони чиниро хуб медонист, баъди сӯхбат барои кор ба корхонаи “Ҷунтай Данғара” бе озмун  даъват карда шуд.

   Азбаски аксарияти корхонаю ширкатҳо кормандонро дар асоси озмун ба кор қабул менамоянд, анкети хатмкунандагон барои иштирок дар ин озмунҳо ҷамъоварӣ карда шуданд ва чунин натиҷа оид ба қабули анкетаҳои хатмкунандагон ба даст оварда шуд:

  • Амонатбонк – 38 анкетаи донишҷӯ барои иштирок дар ишғоли ҷойҳои кории холии ин бонк;

  • ҶСК Бонк Эсхата – 25 анкета;

  • ҶСП ТАКҲ “Ҳумо” – 23 анкета;

  • ташкилои қарзии хурди “Душанбе Сити” – 15 анкетаи донишҷӯ қабул карда шуда зиёда аз 300 адад буклет ба хатмкунандагон тақсим карда шуд;

  • Бонки Алиф сармоя – 10 анкетаи хатмкунанда қабул карда шуда, ба 50 нафар анкета барои пур кардан тариқи он лайн тақсим карда шуд;

  • Бонки байналмилаии Тоҷикистон – зиёда аз 50 анкета ба хатмкунандагон тақсим карда шуд;

  • Корхонаи Маколли – 22 анкета қабул карда шуд;

  • Ширкати Эволет – 30 анкета қабул карда шуд.

  • Коммерсбонк бо зиёда аз 60 нафар хатмкунандагон вохӯрӣ гузаронида барои қабули хатмкунандагон ба кор анкетаю санҷишҳо гузаронид.

  Хатмкунандагон бо рӯйхати ҷойҳои кории холии корхонаю муассисаҳои аз тарафи Агентии шуғли аҳолии шаҳри Душанбе шинос шуда, зиёда аз 60 адад роҳхат барои шинос шудан бо ҷойи корӣ гирифтанд.

Дар умум, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки бори аввал аз тарафи ташкилоту муассисаҳо ҷойҳои холии корӣ пешниҳод карда шуданд, дар сатҳи хуб ташкил карда шуд. Рафти баргузории ярмарка аз тарафи шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва “Душанбе” ба навор гирифта шуда дар барномаҳои иттилоотии ин шабакаҳо намоиш дода шуданд.

   Дар замима расмҳои лаҳзаҳои ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ оварда шудаанд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *