Санаи 29 ноябри соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза”бо ташабуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзўи “Ҳунармандӣ: заминаҳои омӯзиш ва рушди он дар оила” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тамоми гушаю канори мамлакат ба номоиш ва фуруш гузошта шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки дар конференсия кормандони корхонаю идараҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои олимон донишҷӯён ва ҳунармандон ҷамъ омаданд. Кори конференсияро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М. ифтитоҳ карда, зикр намуданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист бо иқдому ташаббус ва сиёсати фарҳангдўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 -2021 солҳои рушди деҳот –сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки дар кишварамон шояд бори нахуст, баъди ҳазорсолаҳо ҳунарҳои мардумӣ аз пуштибонӣ ва дастгириҳои давлат эҳёи дубора ёфт.

Баъдан муовини кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода  суханронӣ  намуд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои хайрхоҳонаву некбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зани тоҷик чун узви комилҳуқуқи ҷомеа баробари мардон  барои фаъолият ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат тамоми имкониятҳоро дорад. Аз ин рў, ҷалби бештари занон ба ҳунарҳои миллӣ рўз аз рўз беҳтар гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ривоҷ додан ва васеъ намудани самти фаъолияти онҳо мавриди кўмак ва дастгирӣ қарор доранд.

Маърузачиён маърӯзаҳои худро бо як ифтихори миллӣ қироат намуданд ва ба музокираи саволу ҷавоб Конференсия кори худро ба анҷом расонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *