Баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озмуни “Беҳтарин суханвар” зери шиори “Хайём суханҳои ту нотакроранд ” бо иштироки аҳли устодону шогирдон баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни донишҷӯён, магистрон, аспирантҳо ва омӯзгорони донишгоҳ моҳе як маротиба доир мегардад. Дар озмун зиёда аз 80 нафар довталабон иштирок намуданд, ки онҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ аз ашъори устод Умар Хайёми Нишопурӣ шеърҳо қироат намуданд.

Ҳайати ҳакамон бо чунин натиҷа озмунро ҷамъбаст намуданд:

Ҷойи якум – Амирова Миҷгона, донишҷӯи курси якуми ФТД;

Ҷойи дуюм – хонандаи литсейи инноватсионии “Душанбе” Ризоев Маҳмудҷон ва донишҷӯи курси якуми ФТД Шоназмиева Жасмина;

Ҷойи сеюм  – Тағоева Мавзуна, Бобохонзода Саидшоҳ ва Саидзода Сино сазовор дониста шуданд.

Се  нафар хонандагони литсейи инноватсионии Душанбе барои  ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бурро, дуруст ва беғалат хондани  ашъори  устод Умар Хайём бо туҳфа – китобҳо аз ашъори устод сазовор дониста шуданд.

Сипас, аз ҷониби  раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ғолибон Ифтихорнома ва туҳфаҳо  супорида шуд. Дар охир муовини ректор оид ба  тарбия, дотсент Юсупова З.Р. эълон дошт, ки маҳфили оянда ба ашъори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ  бахшида хоҳад шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *