Санаи  24-уми ноябри соли 2019 дар боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз” бо иштироки кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва намояндагони дигар муассисаҳои олии касбӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси шаҳри Душанбе Муинзода Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати рушди маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода И.Т. ва намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ҷавонони фаъоли кишвар, гирандагони стипендия ва квотаҳои Президентӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷоизадорони ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, варзишгарони маъруфи кишвар ва сарбозону афсарони вазорату идораҳои қудратии кишвар иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз дар симои иштирокчиёни ҳамоиши Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми Тоҷикистонро табрик намуда, сухани табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ҳозирин ироа намуданд.

Сипас, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо таманниётҳо баромад намуданд.

Пас аз баргузории ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ҷавони кишвар доир гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *