Бахшида  ба Рузи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ маҷлиси тантанавӣ  бо иштироки ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид. Аввалан, чорабиниро бо сухани табрикотии Ректори донишгоҳ, муовини ректор оид ба иноватсия ва технологияҳои таълимӣ  Юсупов М.Ч. кушода, қайд намуданд, ки Парчами Точикистон, ки рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдустӣ, бахту иқболи сафед, умед ба фардо ва лоиқи эҳтироми хар як шахс мебошад, имрӯз чун рамзи кишвари сохибистиклол дар Точикистон ва бисёр давлатҳои олам парафшон буда аз мавҷудияти давлати соҳибистиклол, демократӣ, дунявӣ ва озоду ягона башорат медихад.

Сипас, аз таърихи пайдоиш, мавҷудият ва аҳамияти умумибашарии парчам дотсенти кафедраи фанхои гуманитарӣ Ҷураев Р.З. суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ хонандагони литсеи инноватсионии «Душанбе» ва ансамбли «Зуҳал»-и донишгоҳ бо барномаи консертии рангини худ табъи иштирокчиёни маҷлисро болида гардониданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *