Тибқи нақшаи тарбиявии Донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами ҷумҳурӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳо баргузор гашта истодааст.

Аз ҷумла, санаи 20.11.2019 дарси кушоди тарбиявии устод Тоирова Дилором Рабимовна бо донишҷӯёни курси якуми факултети иқтисод ва молия дар мавзӯи “Флаг важнейший символ Республики Таджикистан” шуда гузашт. Донишҷӯён бо як завқи баланд порчаҳои шериро дар васфи Президент, Ватан ва Парчам бо забонҳои тоҷикию русӣ қироат намуданд. Инчунин, оиди таърихи пайдоиши парчам маърӯзаҳо бо забони русӣ шунида шуд.

Чунин машғулиятҳо дар қалби ҷавонон ҳисси ватандӯстиву ватанпарвариро бедор ва пойдор менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *