16 ноябр дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони “Президенти мо – ифтихори мо”  бо иштироки зиёда аз 6 ҳазор ҷавонони касбу кори гуногун  баргузор гардид. Аз донишгоҳ зиёда аз 150 нафар донишҷуён ва масъулини корҳои тарбиявии донишгоҳ ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиши мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси шаҳри Душанбе Муинзода Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати рушди маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саид Нуриддин Саид, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нуъмон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, намояндагон аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода И.Т. ва намояндагони дигар вазорату идораҳои кишвар, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Душанбе, ҷавонони фаъоли кишвар, гирандагони стипендия ва квотаҳои Президентӣ, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҷоизадорони ба номи Исмоили Сомонӣ, варзишгарони маъруфи кишвар ва сарбозону афсарони вазорату идораҳои қудратии кишвар иштирок намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ҳозирин ва дар симои иштирокчиёни ҳамоиш Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми тоҷик табрик намуда, иброз намуданд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик рӯзи баҳамоӣ, саодату сарбаландӣ ва рӯзи фатҳу зафари миллати тоҷик аст.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам зимни суханронии хеш  қайд намуданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз идеали воқеии ҷавонону варзишгарон қарор гирифта, фаъолияти пурсамар, сиёсати созанда ва иқдомоти наҷиби Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи фаъолияти кории насли ҷавонони кишвар гардидааст.

Пас аз баргузории ҳамоиш барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар доир гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *