13 ноябри соли 2019 Россотрудничества дар Тоҷикистон бо намояндагони касбу корҳои гуногун аз ҷумла донишҷуёни муассисаҳои таҳислоти олии касбӣ бо ҷалби директори Ассотсиатсияи кластерҳо ва технопаркҳои Федератсияи Россия дарси кушод доир намуд, ки дар он донишчуён ва кормандони маркази рушди касбият ва инноватсия, бахши кор бо ҷавонон, шурои донишҷуёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Сараввал Михаил Вождаев – роҳбари Россотрудничества дар Тоҷикистон баромад намуда, сухани ифтитоҳиро ба Равшан Қурбонов – директори гуруҳи 55 Group дод. Равшан Қурбонов дар баромади худ дар бораи фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва фаъолиятҳои технопаркҳо дар ҷумҳури ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки мо бояд таҷрибаҳои дигар давалтҳоро омухта ба шароити Тоҷикистон мутобиқ карда ва баъд татбиқ намоем. Дар баромади худ Андрей Шпиленко шунавандагонро бо ҷаҳони навоварӣ ва пешрафт, ки боиси рушди соҳаҳои гуногун мегардад, ошно намуда, даъват намуд, ки мо бояд дар фаъолияти технопаркҳо ба кластерҳо аҳмияти ҷиддӣ равона намоем, зеро дар ҳолати самарнок истифода бурдани онҳо ва муқарар гардидани имтиёзҳо заминаи хуб барои дигар соҳаҳо фароҳам меоварад. Ӯ дар бораи кластерҳо ва паркҳои технологие, ки ба хатогиҳои ҷиддӣ роҳ доданд ва аксарияти онҳо аз байн рафтанд, истода гузашт ва даъват намуд, ки аз камбудиҳои бавуҷудомадаи ин соҳаҳо мо бояд омӯзем ва ҷиҳатҳои мусбии онро дар фаъолияти технопаркҳои худ татбиқ намоем. Аз ҷумла оид мушкилотҳои пас аз пошхурии иттиҳоди шӯравӣ ба вуҷуд омада мисолҳои равшан овард. Ҳамчунин ҷиҳати рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон алалхусус дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ чӣ бояд кард маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд. Дар охири дарси кушод байни иштирокдорон ва мутахасисон саволу ҷавоб доир карда шуд, ки аз ҷумла раиси шӯрои донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Алимардонов Шарифҷон Рустамович оид ба табодули таҷриба байни технопаркҳои Федератсияи Россия ва муасисаҳои таҳсилоти касбии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки аз рӯи имкониятҳои мавҷуда ҳамкориҳои судманд ба нақша гирифта шаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *