МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗЎӢ «БЕҲТАРИН ҲАДЯ КИТОБ АСТ»

Санаи 14 – уми феврали соли 2019 дар Китобхонаи илмии ДТТ бахшида ба  “Рўзи байналмилалии ҳадяи китоб” таҳти унвони «БЕҲТАРИН ҲАДЯ КИТОБ АСТ» таҷлил карда шуд. Мудири китобхона Абдумуминзода Ситора ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро бо ин рўзи нек самимона табрик гуфта афзуд: “Ҳамасола  14 февралро ҷомеаи ҷаҳони чун рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб, (International Book Giving Day) таҷлил мекунанд. …

Вохӯрии кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташакили ВКД ҶТ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Санаи 15-уми феврали соли 2019 тибқи нақша-чорабиниҳои  Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва департаменти корҳои тарбия дар донишгоҳ вохӯри бо устодону кормандон ва донишҷўёни донишгоҳ дар мавзўи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва оҳибатҳои терроризму экстремизм» баргузор  гардид. Вохўриро муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич ҳусни оѓоз …

ОМӮЗИШ ВА БАРРАСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН

11-уми феврали соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии устодони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қурбон Восеъ ва Исомиддин Шарифов бо устодону донишҷӯён доир ба ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Сараввал Бобоев Хаёл – муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ суханронӣ …

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Дар раванди иҷрои «Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои олии касбӣ» дар ҷамъбасти соли 2018, ки аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729 дар мувофиқа бо Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  рӯзи 31 январи соли 2019 нишасти матбуотӣ доир гардид, …

Ҷашни Сада пешхабари Наврӯзи навбаҳор

Иди Сада – яке аз ҷашнҳои мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10–уми моҳи баҳман, ки ба 30–юми январи тақвими мелоди рост меояд, баргузор мешавад. Таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор …