Вохурӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

Санаи 22.05.2018 дар толори маҷлисгоҳ вохурии кормандони Департаменти корҳои тарбиявӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда доир гардид. Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З.Р. дар мавзӯи одобу рафтор, риояи сару либоси тавсиявӣ, пешоҳанг будан дар корҳои ҷамъиятӣ суханронӣ намуданд. Мудири шуъбаи тарбия Мирзоалиев Т.А. оиди таҳсил ва тарзи супоридани ҳисоботҳо гуфта гузашта, ба донишҷӯёни тариқи квотаи Президентӣ …

Тарғиби тарзи ҳаёти солим

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши оммавӣ ҳамасола дар кишварамон Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Ин чорабинии оммавӣ имсол 20 май, яъне дар арафаи Рӯзи ҷавонон доир гашт, ки дар он бештар аз 200 нафар донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Инчунин, дар чорабинии варзишии веломарафон, ки худи ҳамин рӯз доир гардид, 10 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ширкат …

Конференсияи илмӣ-назарявии ҷумҳуриявии ҷавонон «Рушди сайёҳӣ – заминагузори тарғибу фарҳанги ҳунарҳои миллӣ барои ҷавонон»

Дар доираи лоиҳаи ҷадид “Дар меҳмонии ректор”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 12 майи соли 2018 конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявии ҷавонон дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ – заминагузори тарғибу фарҳанги ҳунарҳои миллӣ барои ҷавонон» баргузор гардид, ки дар он 100 нафар донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати …

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

        Дар доираи лоиҳаи ҷадиди “Дар меҳмонии ректор”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 13-уми майи соли 2018 меҳмонони донишгоҳ –  донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ бо омӯзгорону кормандони донишгоҳ ба сайри Ҳисори шодмон сафар …

“Шоми дӯстӣ” бо дӯстон

Дар асоси нақшаи Дастгоҳи Ҳукумати ҶТ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 12 майи соли 2018 дар майдони 800-солагии Москва барномаи консертии ансамбли «Зуҳал»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ 100 нафар донишҷӯёни фаъоли муасиссаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони донишгоҳҳо, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, …